ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "М БАҲОДУРОВ" ВА "РӮДАКӢ"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

     Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, тибқи нақшаи фаъолият бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб бо қарори ташкилотҳои ибтидоии “М Баҳодуров”- ва "Рӯдакӣ"ии Ҷамоати Шаҳрак, дар МТМУ №14, 17 и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб шахсони сазовор пешниҳод гардид. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарори ташкилоти ибтидоиро ҷиҳати қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда, шаҳодатномаҳои ҳизбиро ба муассисаи болозикр бурданд.  Дар рафти тақдими шаҳодатномаҳо мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ, мудири бахши омор Комилова Гул, мутахассисони Кумитаи иҷроия Лоик Мирзоалиев ва Насриддинзода Илҳом ҳамзамон бо ҳузури Сарварони муассисаҳои таълимии болозикр Ҷурабекова Мағфират, Раҳимов Абдулфайз иштирок доштанд..

         Тибқи руйхат ва пешниҳоди ҳисоботи омории ташкилоти ибтидоӣ ба нафарони ба сафи ҳизб қабулшуда, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар идораи Директори муассиса бо тантана тақдим гардид.

         Масъулини Кумитаи иҷроия шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда қайд намуданд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси

ифтихору сарфарози мебошад.

 

Шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ