БОЗДИД ВА САЙРИ ТАЪРИХӢ НАМУДАНИ ХОНАНДАГОН АЗ ОСОРХОНАИ НОҲИЯ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Боздиди омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ҷамоати шаҳраки Москва аз "Осорхонаи таърихӣ кишваршиносии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Ҳадафи ташриф ошноии бештар, бо бозёфтҳое мебошад, ки айни ҳол дар осорхонаи болозикр маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Гузашта аз ин қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида дар мувофиқа бо муовини соҳавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муҳтарам Исҳоқӣ Ҳусния ҷиҳати ташрифи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба Осорхона давоми ҳафта хонандагон ҷиҳати боз ҳам огаҳии бештар пайдо намудан аз таъриху ақвом гузаштаи хеш сайри лсорхонаи ноҳия менамоянд. Меҳмононро роҳбарияти Осорхона муҳтарам Шамсулло Раҳимов дар якҷоягӣ бо кормандон ба хушӣ истиқбол намуда ба суолҳои меҳмонон ҷавоб медиҳанд.  Илова бар ин Осорхона ганҷури таъриху фарҳанги ҳар як қавму миллат аст. Имрӯз халқҳои ҷаҳон ҷиҳати эҳё ва абадӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангии хеш аз муасиртарин роҳҳо истифода мебаранд. Ҳамзамон осорхонаҳои наву замонавӣ бунёд карда, дар он бозёфтҳои нодиреро, ки ба гузаштаи дуру наздики қавму миллаташон марбут аст дар беҳтарин шароит нигаҳдорӣ мекунанд.  Осорхонаи таърихии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки мудирияти онро ҷавони фарзонаву фарҳехта, пеш аз ҳама инсони хоксору хушмуомила Раҳимов Шамсулло бар дӯш доранд, ҳамарӯза дарҳои хешро баҳри боздидкунандагони ноҳия ва меҳмонони дохил ва хориҷе, ки ба ноҳия ташриф меоранд боз намуда, ба хотири таъриху тамаддуни куҳанбунёди хешро омӯхтан ва донистани мардум вазифаи бисёр пуриасъулиятро анҷом медиҳанд Директори ҷавони осорхонаи таърихии ноҳия Раҳимов Шамсулло кӯшиш мекунад, ки ҳар як нигораи ин даргоҳи муқаддас боздидкунандагонро бештар ба ваҷд орад.   Дар ин осорхона ёдгориҳои таърихӣ, нигораҳои хурду бузурги қадима мавҷуданд, ки ҳар яки он аҳамияти таърихӣ доранд.   Осорхонаро бешубҳа метавон оинаи таърих ва фарҳанг номид. Хосатан, бо кӯшиши кормандони осорхона роҳандозӣ шудани гӯшаҳои махсус дар ташвиқу тарғиби истиқлоли Ватан ва сулҳу ваҳдати миллӣ барои тарбияи насли ҳозира ва ояндаи миллат нақши боризе хоҳад бозид. Осорхонаи ноҳия аз ду толори пури нигораҳои таърихӣ ва як толори ба номи Фалаксарои мумтоз устод Одина Ҳошимов иборат буда, вақте, ки мо ҳизбиён вориди ин даргоҳи муқаддас шудем бо як ҷаҳон таассуроти тоза аз он берун омадем.Дар сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши осорхонаҳо бузург аст.   Осорхонаҳо маконе мебошанд, ки чун театр тамошобинро ба ваҷд меоранд, ифтихори миллиро дар қалби бинанда бедор менамоянд ва ё меҳмононро бо гузаштаи ин ё он халқи олам ошно менамоянд. 

        Осорхонаи таърихии ноҳияи Ҳамадонӣ низ вазифаи муқаддасро ба дӯши худ дорад. 

       Боздид аз ин осорхонаи таърихӣ моро бо таърихдонӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиамон ошно менамояд. 

          Маҳз ба туфайли ин осорхонаи таърихӣ тамошобин ба нодиртарин экспонатҳои давраи қадим, ошно мегардад ва дар баробари ин санадҳои таърихиро меомӯзад. Оиди сулҳу ваҳдат маълумот ба даст меорад.Кормандони ин даргоҳи муқаддас кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то насли навро ба он ошно намоянд, ки сулҳу амният ба кишвари мо ройгон наомадааст. Ҳар дастоварди мо қурбониёни зиёде дар пасманзари худ дорад.  Дар Осорхонаи таърихии ноҳия оиди ҷонбозиҳои мардони барӯманди миллат дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон маводҳои зиёде ба маърази тамошои тамошобин гузошта шудаанд.  Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ зимни сайри таърихии осорхона, андешаи хешро чунин баён дошт : Маъхазҳо собит месозанд, ки мардуми тоҷик аз қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, аз ибтидо то кунун корнамоиҳои беҳадду ҳудудеро анҷом додаву исми хешро дар таърихи башарият сабт намудаанд."

      Тамошои осорхона насли наврасро ба ҷодаи худогоҳиву хештаншиносӣ, пос доштани фарҳанги сербори ниёгон, эҳёи арзишҳои миллӣ, фаҳмиши шохаҳои таърих, фарҳанг, илм, тамаддун ва ҳифз кардани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар раҳнамоӣ менамояд.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот