ДУ УЗВИ ФАЪОЛИ МАҲФИЛИ ДОИМАМАЛКУНАНДАИ "ҲУҚУШИНОСОНИ ҶАВОН" - ҲАМАЗМОН ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 - и ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, ки сарварии онро устоди фарзона Маҳмудов Бобоҷон бар дӯш доранд ташкилоти ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо номи "ТИ Дараи Калот" амал мекунад.  Ҳамзамон маврид ба зикр аст зери роҳбарии муаллима Абдураззоқова Парвина муддати ду сол мешавад, ки дар муассисаи болозикр маҳфили "Ҳуқуқшиносони ҷавон" амал мекунад.Имрӯз дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ, ҷиҳати бозтоби васеи маҳфил ва дастовардҳои назарраси аъзои он дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар муддати на он қадар вақти зиёд, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ бо аъзои маҳфил аз наздик шинос шуд.  Ангеза бахшидани афкору андешаи наврасону ҷавонон, хосатан онҳое, ки муҳассили мактаби ҳамагонӣ мебошанд аз маҳфилҳое монанди "Ҳуқуқшиносони ҷавон" иборат мебошад.  Зеро, наврасону ҷавонон маҳз дар ин марҳилаи синусолӣ ба айни чунин маҳфилҳои фаннӣ сахт эҳтиёҷ доранд. Таҷрибаҳо собит месозанд, ки дар давраҳои гузариш бо ташкили чунин маҳфилҳо шахсиятҳое ба камол расидаанд, ки мояи ифтихору сарфарозии ҷомеа мебошанд.  Маҳфили "Ҳуқуқшиносони ҷавон", ки зери мудирии муаллимаи фанни таърих ва ҳуқуқ муҳтарама Парвина Абдураззоқова дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳаи Пушкини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тӯли 2-сол аст фаъолият мекунад зиёда аз 30 довталабро гирди хеш ҷамъ овардааст. Ҳайати маҳфил аз хонандагони синусоли гуногун иборат буда, иштирокчӣ ва инчунин ғолибони озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд.   Таҷрибаи 33-солаи муаллимаи азиз Парвина Абдураззоқова собит мекунад, ки дар таълим, тарбия ва омода кардани хонандагони дорои лаёқату дониши баланд маҳорати олии касбӣ дорад. Зеро, ду нафар аз аъзоёни маҳфили мактабии "Ҳуқуқшиносони ҷавон" зери роҳбарии Парвина Абдураззоқова ба гирифтани стипендияи Президентӣ шарафёб шудаанд, ки ин дастоварди андак нест. Бояд ёдовар шавем, ки маҳфили мазкур ҳафтае ду маротиб рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе доир мегардад. Дар ибтидо маҳфил 12 нафар аъзо дошт, ҳоло бошад ин теъдод ба 30 нафар расидааст.Дар маҳфили навбатии "Ҳуқуқшиносони ҷавон", ки ба санаи 28-уми декабр рост омад мудири Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ иштирок карда, аз иқдоми роҳбарияти муассиса, хусусан муассиси маҳфил муаллимаи азиз Парвина Абдураззоқова изҳори миннатдорӣ намуда, ба донишу малакаи аъзоёни маҳфил низ баҳои арзанда доданд.  Инчунин Бахтзода Ҷомӣ таъкид доштанд, ки ингуна маҳфилҳо дар шароити кунунӣ хеле лозиму зарурӣ мебошанд ва месазад, ки инчунин маҳфилҳоро аз рӯи фанну равияҳои дигари таълим ҳам ба роҳ монд.Ҳилолаи Комилҷон ва Сафаралии Муродалӣ аз пештозтарин хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошанд. Ҳилола соли дуюм ва Сафаралӣ соли аввал аст, ки дар ҳошияи ғамхориҳои маорифпарваронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стипендияи президентӣ мегиранд.Ҳамчунин ин ду хонандаи синфи 10 иштирокчии озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ буда, бо иштироки фаъолонаву донишу биниши қавияшон сазовори ҷойҳои намоён гардида, дастовардҳои арзандаро ба сабади олимпии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 ворид кардаанд.  Бояд гуфт, ки ин дастовардҳо аз мудирияти дурусту ғамхоронаи директори муассиса ва коллективи омӯзгорон сахт вобаста мебошад.   Дар акс муаллимаи фанни таърих Парвина Абдураззоқова, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ ва гирандагони стипендияи президентӣ Ҳилолаи Комилҷон ва Сафаралии Муродалӣ...

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот