ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМО БА СУИ ФАРДОИ ДУРХАШОН-ТАВЗЕҲИ БАНДҲОИ ПАЁМ ДАР МАҲАЛ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай таҳти раёсати муовини раиси ноҳия муҳтарам Давлатҷон Муҳуддинзода вохӯрии навбатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023» мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ бо иштироки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағаймуродзода Санифа, раиси КИ ҲХДТ-и ноҳия Сайдмуминзода Аббос дар Ҷамоати деҳоти Чубек муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 идома ёфт.Дар мулоқоти аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони Ҷамоат мулоқот анҷом дода, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сокинон роҳандозӣ намуданд.Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ин самт стратегияву барномаҳои мушаххас қабул ва мавриди амал қарор доранд. 

Ҳамчунин дар мулоқот дигар нуқтаҳои Паём мавриди таҳлил баррасӣ қарор дода шуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ