БУНЁДИ ГАРМХОНА, ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ГУЛИСТОН" 

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Имрӯз, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и ҷамоати деҳоти Қаҳрамони деҳаи Гулистон, ки сарварии онро устод Бароталиев Ҷумахон бар дӯш доранд, дар доираи ҳашари дастҷамъӣ бо иштироки аъзои ташкилот, омӯзгорон ва хонандагон дар масоҳати 16×5 метр гармхона бунёд гардид.    Тавре, ки сарвари муассисаи болозикр дар суҳбат бо мо иттилоъ додапд: дар гармхонаи тозабунёд феълан се ҳазор қаламча, бодирин ва сабзавот павариш ва нигоҳ дошта мешавад.

      Мусаллам аст, ташкили гармхонаҳо яке аз усулҳои хуб ва сердаромад барои деҳқонон ва ҳар як оила маҳсуб меёбад. Инчунин ташкилӣ гармхона яке аз усулҳои самаранок истифодабарии замин мебошад. Зеро гармхона дар мавсиме, ки маҳсулотро омода месозад, дар он айём на ҳама имкони истеҳсоли онро дорад. 

       Аз ҷониби дигар об дар гармхона ба воситаи қатрагӣ дода мешавад, ки ба замин фоида дорад. Гармхона имрӯз дар деҳаву маҳаллаҳо бештар гардидааст.Онҳо дар таъмини маҳсулоти дохилӣ саҳми назаррас доранд. Аз ҷониби дигар барои мардуми маҳал шароити хуби корӣ мебошад. 

        Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ