ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР АСОСИ РУШДИ ВАРЗИШ САМТИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ. 

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Дирӯз ҷамъбасти мусобиқаи футбол дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия миёни омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ ва Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Саидов Шамсиддин баргузор гардид. Бо дарназардошти он, ки дар шароти кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад.  Мусобиқаи варзишии футбол аз 17.12.2023 то 20.12.2023 гузаронида шуда, ғолибон бо диплому сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

       28 акс аз макони баргузории мусобиқа

 

        Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот