ШИНОНИДАНИ ГУЛИ ЛОЛА, ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ ЗЕРИ ШИОРИ ОБОДОНӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои хурду бузурги сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сухани "Ободонӣ мароми мост" барои шиор нест, балки ҳадафи аслии ҳар шаҳрванди ноҳия ободӣ ва зебоӣ мебошад. Вобаста ба ин дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ бо эҳтимоми ташкилоти ибтитодии ҳизбии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" и ноҳия ҳашари дастҷамъӣ дар маркази ноҳия ҷиҳати шинонидани гулҳои ороишӣ, аз навъи гули Лола ба роҳ монда шуд.

      Ба ҳамагон маълум аст, ки гул ин зебдиҳандаи муҳит мебошад. Ҳадаф аз шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф пеш аз ҳама баҳри ободу зебо гардонидани ноҳия ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мебошад.