АКСИЯИ ВАРАҚАҲОИ ИТТИЛООТӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  тақсими варақаҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуд. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истифодаи сомонаҳои фаъолияташон дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ варақаҳои иттилоотӣ байни ташкилоту муассисаҳои  ноҳия тақсим карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки истифодаи сомонаҳои интернетие,ки зидди давлату ҳукумат ва тинҷию оромӣ, истиқлолияти давлатӣ фаъолият менамоянд қатъиян манъ буда, тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҷавобгарии ҷиноятиро пешбини намудааст. Моҳият ва мазмуни варақаҳои иттилоотӣ ба соҳибкорон расонида шуда, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият ба эшон фаҳмонида шуд.