Варзиш – гарави саломатӣ ва зебоӣ

Ҳамадонӣ:  

Бояд зикр кард, ки варзиш дар саломатии инсон аҳамияти бузург дорад. Тавре Абӯалӣ ибни Сино фармудааст, «агар солиму бардам, тавонманд будан хоҳед ва агар нахоҳед, ки ба муоинаи табибу истеъмоли дору ниёз дошта бошед, пайваста ба варзиши бадан машғул шавед».

Дар муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мусобиқаи волейбол байни кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои дарёфт намудани ҷоми раиси ноҳия баргузор гардид.Бози байни кормандони ҲХДТ ва Раёсати молияи ноҳия гузаронида шуд.