Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеи ҳар давру замон, бахусус, имрӯз аст, зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.Дар муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мусобиқаи волейбол байни кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои дарёфт намудани ҷоми раиси ноҳия баргузор гардид.Бози байни дастаҳои АСИН ва КДФО - Обтаъминкунии ноҳия гузаронида шуд.

Варзиш - гарави саломатӣ!
Ҳамадонӣ: