Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад. Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд. Ифротгароён махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав аз ҳар роҳу воситаҳо истифода мекунанд, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Бо ҳамин далел, бештари ҷавонони моро аз дохили кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва қисмати дигарашонро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанад ва аз Исломи воқеӣ бӯ намебурданд бо роҳи фиреб ба ҷанги Сурия ҷалб намуданд ва имрӯз бархе аз онҳо кушта, дигарашон бедараканд то кунун.
Вожаи «террор» ё «терроризм», ки имрӯз дар васоити ахбори умум хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи тӯлонӣ низ дошта, то ин сатҳ доман густурдани он албатта таҳқиқу тадқиқоти сиёсию ҷомеашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақозо дорад. Коршиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои пайдоишу рушди терроризмро ҳамаҷониба омӯзанд. Зеро, чунин зуҳуроти тоқатшикану даҳшатзо имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардаст.
Терроризм, махсусан, даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф нест. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишвар андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд ҳатман назари ҷомеаи кишвар бошад – ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Вазифаи асосии мо шаҳрвандон бояд дар қалби ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул ва тарбия намоем.
Комилова Гулбутта-корманди КИ ҲХДТ дар н. Ҳамадонӣ