ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО СОКИНОН

Ҳамадонӣ:  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид. 

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа, ихтиёран пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон суханронӣ карда шуд.

Инчунин дар вохӯри оиди пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, оворагардӣ, фарҳангӣ бегона ва маданияти шаҳрнишинӣ суханронӣ карда шуд.