Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и Ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор гардид.
Зимни баромад корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамзияи Ҳисайндухт қайд намуд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамлакат иброз доштанд, ки "Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд".