ТОЗАГИИ МУҲИТ ОМИЛИ АСОСИИ СИҲАТИИ АҲОЛӢ МАНСУБ МЕЁБАД

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Об  асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам низ ба шумор меравад, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро ҳамчун асоси ҳастӣ,эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем. Кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Аксияи ҳизбиро таҳти унвони "Тозагии соҳил-вазифаи мо ҷавонон"  ба роҳ монда ба тоза намудани соҳил дар Ҷамоати деҳоти Даштигуло машғул гардиданд. Инчунин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон суҳбат намуда қайд карданд, ки тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.