ҶАВОНОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ!

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и Ҷамоати шаҳраки Москва бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимҷон Шарипов баромад намуда қайд кард, ки бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони мо ҳиссу ғурури баланди ватандорӣ дошта, барои ҳифзу ҳимояи ҳар порча хоки Ватан худро сипар карда, бечуну чаро ҷони худро дар роҳи озодиву осоиштагии ин сарзамини аҷдодиамон фидо мекунанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Инчунин дар вохӯри оиди пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, оворагардӣ, фарҳангӣ бегона ва маданияти шаҳрнишинӣ суханронӣ карда шуд.