Ҳаёт аз об сарчашма мегирад.

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ба ҳамагон маълум аст, ки бе об ҳеҷ мавҷуди зинда зиндагӣ карда, наметавонад. Об ҳамеша дар ҳама ҷо муҳим аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзи мебахшад. Инсон аз лаҳзаи ба дунё омадан ба об эҳтиёҷ дорад ва дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Қариб тамоми организми инсонро об ташкил мекунад ва агар миқдори муайяни он дар организм кам гардад, одам гирифтори ягон беморӣ мегардад. Об инсонро аз ифлосию нопоки ва аз бемориву дардҳо эмин нигоҳ медорад. Бе об дар сайёра ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, зеро об ҳаётбахши ҳама мавҷудоти рӯи олам мебошад. Гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот, инсоният, хосса об зиндагии озодаву пурбаракати ҳама мавҷудоти зинда буда, аз он тамоми мавҷудоти зинда ва замин ғизо мегиранд. Беҳуда нест, ки мардуми Шарқ мегӯянд: «Дар куҷо, ки об ҳаст, дар он ҷо ҳаёт низ ҳаст». Олим ва мутафаккири бузурги мо Абӯалӣ ибни Сино таъкид мекунад, ки об манбаи шифои беморон ва нигоҳдории тандурустии ҷамъият мебошад. Обҳои тозаро инсон барои хӯрок, соҳаи саноат ва дигар мақсадҳо истифода мебарад. Пас маълум мешавад, ки то чи андоза лозим ва арзишнок мебошад ва кори ҳеҷ соҳаи саноатӣ бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани оби маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пуст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нушокиҳои гуногун истифода мебаранд.Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашма оби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на ин ки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд.Дар баробари ин дар Тоҷикистон чашмаҳои оби зулолдошта, хеле зиёд мебошанд. Чашмаҳои Чилучорчашмаи Шаҳритӯс, Сарчашмаи Кӯлоб, Ҳафтчашмаи Файзобод, Хучи болои Ҳисор, Чашмаи Нияти Панҷакент, Чашмаи Лангари моҳиёни Исфара, Чашмаи Чинори Ашт, Чашмаҳои Чоруқдарон, Учбоғ, Қозибибӣ (дар кӯҳи Муғул), Ҳавзи моҳиёни Истаравшан, Сарчашмаи Рӯшон ва ғайра бо оби ширини нӯшиданиашон ном баровардаанд. Чуноне ки мегуянд “Оби равон-роҳати ҷон”. Аз ин рӯ мо фарзандони заминро мебояд, ки обро сарфакорона истифода бурда, ҳамеша дар ҳифз намудан ва пок нигоҳ доштани он кӯшиш намоем.Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-юм ҳамчун Соли байналмилалии “Оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шуда буд ва дар арсаи байналмилалӣ дар ҳалли ин масъалаи глобалии ҷаҳон ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда буд. Боз як иқдоми неки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллали «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад, ки ин як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳатар намудани оби ошомиданӣ, самранокии истифодаи он таъкид карда шуд.Бояд қайд намуд, ки дар Замин захираи оби тоза дар як андозаи муайян буда, миқдори он худ аз худ зиёд намегардад. Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ифтихор дошта бошем ва аз он самараноку оқилона истифода барем. Захираҳои об ва тозагии онро ҳифз кунем, ба қадри дарё, кӯлу чашмаҳои худ бирасем, зеро об неъмати бебаҳои Худованд буда, покиза нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як инсон мебошад. Мо ҷавононро мебояд, ки дар сарфакорона истифода бурдани ин неъмати бебаҳо намунаи ибрат бошем.

 

Корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Комилова Гулбутта.