Баргузории озмуни “Тоҷикистон –Ватани азизи ман"

Ҳамадонӣ:  

 Дар филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ҳунармандони наврас, ҷавонон ва  шахсони то синни 40-сола аз рӯйи номинатсияҳои “Навозанда” (аз 12 то 17 сола), “Сароянда” ( аз 12 то 17 сола), санъати тасвирӣ ва дизайн – “Жанри санъати ороиши амалӣ”; номинатсияи “Навозанда” ( аз 18 то 40 сола ), “Сароянда”( аз  18 то 40 сола), номинатсияи  санъати тасвирӣ ва дизайн – “ Жанри санъати ороиши амалӣ” ( Сироҷова Шаҳноза,”Шашмақом”) беш  аз 30 нафар ҳунари худро ба аъзои  ҳакамон нишон доданд.
     Дар ҷамъбаст  21 нафар  ба даври  вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” роҳхат гирифтанд.