САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН.

Ҳамадонӣ:  

Дар идомаи корҳои тарғиботӣ оиди  самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “Хона ба хона”  масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" бо сокинони  ноҳия вохӯрӣ гузарониданд. Зимни вохӯрӣ маълум гардид, ки сокинони ноҳия кӯшиш намудаанд, ки  заминҳои наздиҳавлигии дар ихтиёрдоштаи худро самаранок истифода намуда, ду – се ва зиёда аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.