БАҲРИ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҲАМЕША ОМОДАЕМ.

Ҳамадонӣ:  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳамбасттаги бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти ибтидоиии ҳизбии "Бахши фарҳанг"-и ноҳия бахшида ба 29-умин солгарди Қушунҳои сарҳадӣ​ дар дидбонгоҳи 11-уми Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳанги доир намуд.

Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, ҳамчунин, барои фароғати онҳо барномаи ҳунарии ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошими ноҳия манзури гардид.