ДИДОРБИНИИ МОДАРОН АЗ БУДУБОШИ САРБОЗОН.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Москва ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми низомии 03-07-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дидан намуданд. 

Баъдан, аз тарафи муовини раиси ноҳия Исҳоқи Ҳусния ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати шаҳраки Москва" раисаш Шоаҳмедова Моҳшариф вохӯрии занону модарони фаъоли ноҳияро бо сарбозон ташкил намуда, аз ҷониби онҳо  нону кӯлча, мевагиҳо маводи хӯрокворӣ ба сарбозону афсарон пешниҳод карда шуда, ба онҳо дастархони идона ташкил карда шуд.