МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ –ИНТИХОБОТИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “НУРИ ЗАМИН”

Фархор:  

Санаи 1 июли соли равон Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури замин” баргузор гардида дар он се масъала мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилдоти ибтидоии ҳизбии “Нури замин” дар назди аъзои ҳизби ин ташкилот ҳисобот дода, қарорҳои дохлдоро қабул намуданд. Доир ба масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис пешниҳодҳои котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури замин” “Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Нури замин” ва “Дар бораи интихоби вакил ба конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор” шунида шуда қарорҳо қабул карда шуданд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ятимова Рухшона   дар назди ҳозирин оди ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи ҳаққи истифода барқ, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии “Нури замин” дар аксияву ҳашарҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд.