ГАРДИШО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ИДОМА ДОРАНД

Фархор:  

Санаи 30 июни соли ҷорӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи дастури Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқони маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ масъулин асосан оиди вазъи смёсии ҷаҳон, самаранок истифода бурдани заминҳо, сарфию сариштакорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омодагӣ ба зимистон ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.