ШАРҲИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИЁНИ СОКИНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бобосафол” ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва ходимони дин мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқот раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур иброз доштанд, ки Пешвои миллат ба масоили мубрами давлатдории миллӣ, риояи қонуният, сарфаю сарфаҷӯи, кӯмак ба ниёзмандон дахл намуда, муҳимтарин масоили иҷтимоиро баён намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр намуданд: «Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба он
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба муҳимтарин масоли муносибати давлат ба дин, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон нуқтаҳои муҳими зеринро баён доштанд, ки дорои аҳамияти бузурги ахлоқӣ ва тарбиявӣ мебошанд:
- Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ-ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.
- Бунёд кардани мактаб - тавре ки мардум солҳои қадим онро мадраса мегуфтанд, чӣ қадар наврасони мову шумо, ки ҳарф зада наметавонанд, соҳиби саводу дониш ва наврасону ҷавонон соҳиби касбу ҳунар мегарданд, магар кори савоб нест?
- Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид.