МУЛОҚОТ БО АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

Фархор:  

Дар ташкилоти ибтидидии ҳизбии “Куҳдоман” ҷиҳати шарҳи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар мулоқот бо ходимони дин дода буданд, мулоқоти гурӯҳи корӣ зери роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Куҳдоман” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор карда шуд.Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва или таваҷуҳи беандоза доранд. Маҳз ҳамин тавваҷуҳ ва ғамхориҳои Перезиденти кишвар боис ба он шуданд, ки ҷавонони мо дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Дар ҷавоб ба ин мо омӯзгоронро мебояд корро дар самти тарбияи хонандагон дучанд намуда, кушиш намоем, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои ватандорӣ, ҳарчи бештар ишттироки онҳо дар озмуну олимпиядаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он тарбият намуда, номбардорони аслии ватани хешро ба камол расонем.Ҳамзамон, Пешвои миллат гуфта гузаштад, ки “Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Аз ин лиҳоз таъкид шуд, ки ҷавононро дар масири омузиши илму касб, забономузӣ, хештаншиносӣ тарбият намоем, ки дигар ба хурофотпарастӣ даст назананд. Зикр гардид, ки дар арафаи иди саиди Фитр аз харҷи беҳудаву бемаврид, исрофкорӣ даст кашида ба хонандагон шароити хуби хониш фароҳам оваранд. Татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” таъмин карда шавад.