БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Фархор: Созандагони ватан  

 Таърихи 25 – уми апрели соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 бахшида ба соли Маърифати щуцуци элон гардидани соли 2024 мулоқот бо хонондагони сифҳои болоии муассисаи мазкур дар мавзуи Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил ва истироҳат доир карда шуд.

          Зимни суханрони нотиқон оид ба мавзӯи болозир ҷунин ибрози андеша намуданд, ки ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак самти муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, вобаста ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҷониби Давлату Ҳукумати кишвар тадбирҳои муайяне андешида шудаанд. Ҷиҳати таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати фарҳангию ҳуқуқии кӯдак дар кишвар шароити мусоид барои рушду ташаккули ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва тарбия дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, эҳсоси баланди шаҳрвандӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии миллӣ ва амсоли инҳо барои ба камол расидани ӯ шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар сиёсати давлатӣ ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мақоми хос дошта, дар тарбияву ташаккули ҳамаҷонибаи кӯдак ва омода намудани ӯ ба зиндагии шоиста ҷомеа ва бевосита оила вазифадор ва уҳдадор мебошад.Дастрасии таҳсилот, махсусан, таҳсили ройгон дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҳамчун кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсили ройгон тибқи муқаррароти банди 2-и моддаи 6, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаи 17 “Ҳуқуқии кӯдак ба таҳсил”-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ба таври мушаххас зикр шудаанд. Ҳуқуқҳои кӯдак ва шаъну эътибори инсонии ӯ риоя шуда, мунтазам ба мактаб рафтани ӯ таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дорад.Бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 29 ва 30-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, муассисаҳои таълимии кишвар дар раванди таълиму тарбия ба риояи шаъну эътибори инсонии кӯдак ва эҳтиром ба фардият, рушду ташаккули ҷаҳони маънавӣ ва инкишоф додани истеъдод, қобилияти ақлӣ, ҷисмонӣ ва тарбияи ӯ дар руҳияи дарк кардан, тоқатпазирӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, ҳурмати падару модар ва эҳтиром ба Ватану соҳибистиқлолии миллӣ диққати махсус зоҳир менамоянд.