ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДАР МТМУ №24

Фархор: Созандагони ватан  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 бахшида ба истиқболи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти обу иқлим ҷамъомади танатанавӣ баргузор крада шуд.Дар чорабини нотиқон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар татбиқи вазифаҳои дохилии давлат, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ амалӣ менамоянд. Замоне, ки роҳбарони аксари давлатҳои абарқудрат доир ба  манфиатҳои давлати худ аз минбарҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ҳарф мезаданд, Сарвари тоҷикон аз таъмини сулҳ ва амнияти Афғонистон, пешгирии терроризм ва паст кардани сатҳи камбизоати дар сар то сари дунё сухан меронданд. Дар баробари ин ғамхориҳо ба аҳли башарият, роҳбари давлати тоҷикон, инчунин бо истифода аз салоҳияти худ ба ташкилоти бо нуфузи байналмилалии СММ масъалаи обро пешниҳод намуданад, ки яке аз масъалаҳои мубрам дар ҳифзи ояндаи ҳастии инсоният дар сайёраи замин ба ҳисоб меравад.

Маҳз бо шаровати таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу амният ба миллати тоҷик имконият фароҳам омад, ки зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Сарвари давлати тоҷикон аз замони ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардиданашон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки принсипи инсондӯстиро сармашқи фаъолияти худ қарор дода ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори инсонҳоро дар мадди аввал гузоранд.Бинобар маълумоти солҳои охири пажуҳишгоҳњои илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз масъалаҳое умумибашарии экологие, ки дар оянда метавонад омили сар задани низоъҳо миёни кишварҳои дунё гардида, оқибатҳои ногуворро ба вуҷуд биёварад ин норасоии оби ошомиданї дар кураи замин ва таъмин набудани аҳолии сайёра бо он мебошад. Доир ба ин масъала, ҳануз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Суханронӣ дар Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, санаи 30 сентябри соли 2003, чунин ибрози андеша намуданд: “Нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар саросари олам ҳар сол барои истеҳсоли микдори зарурии озуқа торафт бештар об лозим мешавад. Барои исботи ин далел чунин рақамҳоро мисол меорам, дар миқёси ҷаҳон тақрибан як миллиарду 200 ҳазор нафар аз истифодаи оби тоза маҳрум мебошад, ҳар сол зиёда аз панҷ миллион нафар аз бемориҳое вафот мекунанд, ки ба истифодаи оби ифлос вобастаанд.