ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Фархор: Андеша  

 

Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд. Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»- ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад. Пешвои дурандешу хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватанамон заҳмат кашида, давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд.  Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. - Истиқлол пурарзишмандтарин неъмат аст.Мо - тоҷикон ифтихор мекунем, ки соҳибистиқлол ҳастем ва шукри ин озодию ободӣ менамоем. Қобили қайд аст, ки соли 2021 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ ва хотирмон хоҳад буд, чунки 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил мекунем. Дар ин муддат ҷумҳурии азизи мо ба як қатор дастовардҳо ноил гашт. Мо – ҷавонон хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошем.Маҳз мо – ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлол мукаддасу азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо – ҷавонон ва аҳли ҷомеа бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, барои пойдории сулҳу ваҳдат ва ободии кишварамон саҳми арзанда гузорем. Баъзе кишварҳое ҳастанд, ки барои ба даст овардани Истиқлолу сулҳу оромӣ солҳои дароз кӯшиш кардаистодаанд, аммо ин чизи муҳим ба зудӣ ба ҳар кас муясар намешавад.Мо мардуми тоҷик ҳамеша бояд аз Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгӯзор бошем, ки дар замони ноадолатӣ, нобаробарӣ синаи худро сипар намуда, ин неъмати бузургро ба мардуми тоҷик дода тавонистанд. Дар ин бобат шоири барҷастаи миллати тоҷик Лоиқ Шералӣ дар бораи якдил гардидану ба ҳам омадани ин миллати куҳанбунёду сарбаланд ва аз маҳалгароӣ ба миллатсозӣ даъват намудани халқи тоҷик хуб гуфтааст: Пас, биё даст ба ҳам додаву паймон созем, Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем. Дар ҳарими диламон маъбади имон созем, На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке Инсон бошем. Ана ҳамин чиз муясар гашт, ки мо мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда, якдилу мутаҳид гашта, даст ба дасти ҳам ниҳода, он ҳама ҷабру зулмро тоқат намудем ва ба ин даврони исқиқлолият расидем. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлоли давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

 

 

Тағайзода Рустам   –муовини раис – мудири шуъбаи ташкили ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор