МАЛОҚОТҲОИ РУ БА РУ БО АҲОЛӢ

Фархор:  

 

Дар робита ба иҷрои бандҳои алоқаманди нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва ҳамзаммон тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҲХДТ гурӯҳи кории назди кумитаи иҷроия дар маҳаллаҳои шаҳраки Фархор бо усули хона ба хона гардиш намуданд. Мавзӯи суҳбат тарбияи ҳарби ватандустии ҷавонон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои ба истилоҳ “Президентӣ” , ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро дар бар мегирифт. Ҳамзамон, ба сокинон маводҳои таблиғоти ва брошураҳо оид ба мавзӯҳи болозикр тақсим карда шуд.