ОИЛА ҲАМЧУН РУКНИ АСОСИИ ҶОМЕА

Фархор: Андеша  

Ҷомеае, ки дар он оилаҳо мустаҳкам нестанд, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ печида, дар ниҳоят хавфи аз байн рафтан низ ба он таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

 Борҳо собит шудааст, дар оилае, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн вуҷуд надорад, ба ҷойи оромию хушбахтӣ моҷарою рӯҳафтодагӣ ҳукмфармо гардида, ба устувории оила ва ҳар як узви он, махсусан ба кӯдакон, таъсири манфӣ мерасонад. Бунёди оилаи хушбахт аз шеваи муносибати зану шавҳар вобастагии зиёд дорад. Албатта, ҳаёти оилавӣ бе камбудиву мушкилот намешавад ва дар сурати сар заданӣ нофаҳмиҳо метавон мушкилоти бамиёномадаро бо роҳи якдигарфаҳмӣ ҳал кард. Дар ғайри сурат, мушкилот зиёдтару печидатар мешавад, гоҳо боиси ҷудоӣ ва оқибатҳои фоҷиавӣ мегардад. 

Дар замони авҷи бархӯрдҳо миёни гурӯҳу ҷараёнҳои тундгаро, ки бештар ба ҳаёти ҷавонон латма ворид месозад, бояд ба нақши оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанди солеҳу созанда беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Зеро таълиму тарбияи дуруст ба ташаккули инсони комил ва оилаи солим мусоидат намуда, имрӯзу фардои ҷомеаро рӯшан месозад. Дар ҳамин асос, ҳоло маърифати оиладорӣ, омода кардани насли ояндасози кишвар баҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.  

Қайд кардан ба маврид аст, ки қабул гардидани якчанд барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии  оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат мебошад, ки дар ин самт равона гурдидаанд.

Мутаассифона, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд дар ин самт, ҳанӯз вайроншавии оилаҳо аз байн нарафта, ҳамчун масъалаи нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тавре ба мушоҳида мерасад, дар натиҷаи бекоршавии ақди никоҳ ва аз ҳам пошидани оилаҳо аввалин зарба ба кӯдакон мерасад. Дар натиҷаи чунин иттифоқи номатлуб онҳо азоби рӯҳиву ҷисмонӣ мекашанд. Аз тарбияи дурусти оилавӣ дар канор монда, ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ меафтанд ва дар ниҳоят ба афроди мушкилсози ҷомеа табдил мешаванд.

Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа ва ниҳодҳои марбутаи давлатро зарур аст, ки дар пешгирии чунин мушкилот масъулият дошта бошанд. 

 

Тураев Рустам – узви ҲХДТ дар ноҳияи Фархор