ОБ - АСОСИ ҲАСТИИ ТАМОМИ МАВҶУДОТИ ЗИНДА

Фархор: Андеша  

Об асоси ҳастӣ дар сайёра аст. Бо вуҷуди ин, мо дар бораи ӯ хеле кам медонем. Ин ҷавҳари ноёб бо формулаи химиявии оддӣ метавонад ба абадият омӯхта шавад. Об аз неъматҳои бузурги Худовандист, ки ягон мавҷудоти рӯи Замин бе вай зиста наметавонад. Бе об ҳаёт вуҷуд надорад. 

Дар бобати ҳамин масъала мехостам фикру андешаи худро баён намоям. Мо бояд дар сарфа кардани об эҳтиёткор бошем, беҳуда онро масраф нанамоем, зеро исрофи он гуноҳест азим. Инсон аз лаҳзаи ба дунё омаданаш ба об эҳтиёҷ дорад. 

Аз ин ҷост, ки об муқаддастарин ва бебаҳотарин боигарини табиат аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо чунин вазифа гузоштаанд: Об ганҷинаи табиат аст, онро муҳофизат кун ва азиз дор. Бо пешниҳоди Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон аз Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003-ро “Соли оби тоза” эълон намуда, солҳои минбаъдаро, яъне солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт номидааст. Инак солҳои 2018-2028 солҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” аст.

Бо пешниҳоди сарвари давлат баҳри беҳуда масраф накардани оби нӯшокӣ, эҳтиёт намудани он чораву тадбирҳо андешида мешаванд. Алҳол сарварони кишварҳо мекӯшанд ба насли ояндаи кураи замин ин ганҷинаи бебаҳои табиатро ба шакли аслиаш ба мерос гузоранд.

Об инчунин сарчашмаи шифои беморон аст. Абӯали ибни Сино обро нигоҳдорандаи саломатӣ гуфтааст. Аз ҷиҳати миқдори чашмаҳои шифобахш Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо дар ҷойи аввал меистад. Об сарчашмаи ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти рӯйи Замин ба об эҳтиёҷ доранду аз он баҳра мегиранд. 

Дар ҳақиқат сарсабзии табиат, боғу, кӯҳу саҳроҳо аз об аст. Ба мо маълум аст, ки об дар организми зинда маводи асосист. Бе об ягон мавҷудот зиста наметавонад. 

  Аз ин лиҳоз изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад…Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд», — 

Бояд ёдавар шуд, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устуворе ҷиҳати суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд. Ҳамзамон дар соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе имконияти хубе барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.

Моро зарур аст, ки ҷиҳати нигоҳдории пиряхҳо аз одитарин амалҳо баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва обҳои ошомидание, ки дар ҷую дарёчаҳои ноҳияамон ҷориянд муҳофизат намуда, саҳи худро дар ҳифз ва тозагии об, ки баҳри нигоҳдории он Пешвои муаазами миллат тамоми кишиши худро ба хард дода, борҳо дар ин бора аз баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ баромад намуда, таклифҳо пешниҳод кардааст гузорем.  

 

 

Аъзои фаъоли ҲХДТ           Мирзоев Толиб