ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ!

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ санаи 11.04.2023 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои шаҳраки Фархор гардиш доир намуданд.

 Дар ин рӯз аз тарафи кормандон маводҳои таблиғотӣ оиди пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тақсим карда шуданд. Ҳамзамон масъулини ҳизби миёни сокинон оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суханронӣ намуда иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст”. Аз ин рӯ, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки заминро самаранок истифода баред ва на кам аз ду-се ҳосил рӯёнед.

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Ин тадбир аз ҷониби аҳолии ноҳияи Фархор низ ба роҳ монда шудааст.

Сокинони Ҷамоати шаҳраки Фархор аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ҳар як ваҷаб заминро тибқи талабот пурсамар истифода менамоянд ва аз ҳосили ба даст оварда рӯзгори худро пеш мебаранд.