МУЛОҚОТ БО АЪЗОИ ФАЪОЛИ ТҶҶ"СОЗАНДАГОНИ ВАТАН"

Фархор: Созандагони ватан  

Мулоқоти масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳия дар масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ баргузор карда шуд .

Нотиқон зимни суханронӣ оид ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ иброз доштанд, таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шуда, он пайваста зина ба зина амалӣ карда шавад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар собит мекунад, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, тадбирҳои зиёде ба тасвиб расид, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Зеро тарбияи насли наврас, махсусан, ҷавонон яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба шумор рафта, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии тамоми давлатҳои дунё ба он вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон нақш ва мақоми ҷавононро дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг муҳим арзёбӣ намуда, чунин таъкид намуданд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».