ГУЛПАРВАРИЮ САБЗКОРӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ташаббуси ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бобати сарсабзу хуррамгардонии маҳал ва гулшинонию ниҳолпарварӣ дар назди биноҳои маъмурӣ масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар назди муассиса ҳашари дастаҷаъми доир намуда гулҳои ороиширо аз алафҳои худрӯй тоза карда шодоб гардониданд. Зимнан дар доираи ин ташаббус дигар ташкилоту муассисаҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ атрофи биноҳои маъмуриро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, кучаву маҳал ва роҳравҳоро низ озода намуданд.