ТАШАББУСИ ТАРҒИБ ВА ТАТБИҚИ КОРҲОИ ТОЗАГӢ ВА САБЗКОРӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз аз 6 марти соли 2024 №1/2 -08 роҷеъ ба вусъат додани корҳои тозагию ободонӣ ва сабзкорию созандагиҳо ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе рузи ҳашарҳои сарсабзу хурамгардонӣ бахшида ба истиқболи 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор карда мешаванд.  Дар ин самт дар масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор субҳи имрӯз дар назди бинои кории кумита новаи бетонии аз назди бино гузарандаро аз тагшинҳо таза намуданд.Саҳни бинои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва атрофи он бошад тозаву озода ва рубучин карда шуданд. Тибқи талаботи санитарию гигиенӣ дар атрофи бино масъулин парттовҳои ҷамовардашударо бурда ба партовгоҳ партофтанд.