ТОЗАГИЮ ОЗОДАГӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи ташаббуси ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории корҳои тозагию ободонӣ ва сабзкори дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия Фархор корҳои тозагӣ ва ҳашари дастаҷамъона баргузор карда шуд.  Фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғалаба” дар атрофи бинои кории Муассисаи таҳсилоти миёнаи №11 тозагиро вусъат бахшида, майдони варзишии мактабро тахту ҳамвон намуданд, инчунин, замини гулҳо ва бехи дарахтонро нарм намуданд. Гирду атрофро аз алафҳои худруй тоза намуданд.