БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар асоси барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, №1/2-08 аз 06.03.2024 сол оид ба баргузории корҳои ободиву тозагии маҳал, ташкилоту корхонаҳо, иншоотҳои маҳаллаю деҳаҳо, тоза кардани роҳу кўчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор мунтазам корҳои ободонӣ ба роҳ монда ҳар ҳафта рӯзҳои Панҷшанбе баргузор карда шуда истодаастааст. Имрӯз кормандони Литсейи давлатии №2 бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи биноҳои муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуданд. Инчунин, аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ як қатор корҳои ободонӣ, тозагии муҳити зист ва тоза кардани роҳравҳо, нарм намудани заминҳои назди муассиса гузаронида шуд.