ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲО БА КИТОБХОНАҲО

Фархор: Созандагони ватан  

 

Китоб аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ барои шахси китобхону китобдўст мебошад. Китоб, рафиқи мувофиқ ва ҳамдами содиқу носеҳи беминнат аст. Масъалаи китобу китобхонӣ яке аз масоили муҳими ҷомеа дар ҳама давру замон ба шумор мерафт.Аз қадимулаём миллати тоҷик китобхонӣ ва касби илму донишро аз вазоифи аввалинидараҷа ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти худ шуморида, ба наслҳои баъдӣ фақат китобро ба мерос гузоштанд. Имрўз дар ҳар сафҳаи китоб метавонем қисмате аз таърихи пурифтихор ва бурду бохти миллати тоҷикро мушоҳида кунем.Роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ аз масъалаҳои доғи ҷомеа мебошад, вале ин масъала бештар ба китобхонии бузургсолон иртибот мегирад ва нисбат ба хурдсолон махсусан хонандагони мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи камтар зоҳир карда мешавад. Аз ин рӯ масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 тасмим гирифтаанд, ки хонандагони муассисаро дар вақтхои холиги ба мактаб даъват намуда дари китохонаро барояшон боз номоянд. Ин ташаббус самараи нек ба бор овардааст, ки хонандагони ин муассиса дар озмани ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст” фаъолона иштирок намудаанд ва дар чандаври он ғолиб ҳам гаштаанд. Алакай имрузҳо ба китобхонаи муассиса гуруҳ гуруҳ хонандагон барои мутолеаи китоб меоянд.