НАСЛИ ИМРӮЗ ВА УМЕДИ ФАРДО

Фархор: Андеша  

 

 

“Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишгвар бар зиммаи онҳо меафтад”  

 Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Тоҷикистон

Дар воҷеъ ҷавонон неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи имрузи кишвар ва ояндаи кишварамон ба ҳисоб мераванд ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ҳамеша саҳми арзанда доранд. Сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат сиёсати ҷавонпарварона мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба ин қишри бузурги ҷомеа-ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша иброз медоранд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва фардо идораи давлат ба дасти онҳост. Аз ин рӯ онҳо бояд дар руҳияи баланди хештаншиносию ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва ифтихори миллӣ тарбият ёфта,  донандаи забонҳои хориҷӣ ва дорандаи касбу ҳунари воло ба воя расанд.

Воқеан, яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ барои ҷавонон ин таваҷҷуҳи падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавон мебошад. Дар тули беш аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ Президенти кишвар ба ҷавонон такя карда, даҳҳо маротиба дар мулоқоту ҳамоишҳо масъалаҳои зиёди ҳаётии наврасону ҷавононро баррасӣ ва ҳаллу фасл намудаанд. Ин муносибат бори дигар ғамхории Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳуриро нисбат ба насли ҷавон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон инъикос менамояд.

          Тадбирҳои роҳандозигардида дар самти ҷавонон бешуморанд, вале чун нишонаи ғамхории Пешвои миллат ба онҳо чандеро пеши назар меорем.  Аз ҷумла, эълон гардидани солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ғайра, ки ба тарбияи маънавии ҷавонон нигаронида шудаанд, дар ташаккули шахсияти ҷавонон нақши муассир мебозад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» руйи кор омад ва садҳо ҷавонони ватандусту соҳибистеъдодро кашф ва муҷалло падидор намуд.

 

Ҳамаи ин ғамхорию дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - ҷавонони кишварро масъул менамояд, ки  ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ,  технологияҳои навтарин ҳамарӯза заҳмат кашем ва Ватанамонро пешрафта гардонем. Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи зеҳнии тавоно ва иқтидори муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.  Заҳматҳои шабонарӯзии ҷавонони кишвари мо бобати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон эътимод ба он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Дар роҳ Пешвои ҷавонпарави миллати тоҷик таъкид менамояд, ки “Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.  Эмомалӣ РаҳмонИн нукта низ ҳувайдост, ки  маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш бисёр машаққат аст.   Моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ”  дар замони Истиқлолияти давлати ранги дигар касб кард ва ҷомеаи кишвар дар ин масир ҷавононро бештар ҳидоят намуд.

 Танҳо худшиносии миллӣ, аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи фарҳанги миллӣ ва якпорчагии сарзамин  раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Пас рисолат ва масъулияти мо- ҷавонон  дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ беш аз ҳар вақти дигар тақвият меёбад.  Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст.  Моҳияти сиёсати ҷавонпарвариро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буд: “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмуъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.