ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲО ВА АНЪАНАВУ МАРОСИМҲОИ МИЛЛӢ.

Фархор: Андеша  

 

                                   

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ба аҳли ҷамоатчиёни мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” ҳануз 24-уми майи соли 2007 иншо намудаанд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро то ба як низоми муайян надарорем, ва хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии  аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем, ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки қисме аз мардуми мо бо сабабҳои зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо, маъракаҳо пойбанди таасуби хуруфот будани худ ва ба амалҳои даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад. Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангўӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад.

      Барои бисёриҳо равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тулонӣ дорад ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ  дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад. Эҳтиром ва қадрдонии урфу одат, арзишҳои миллӣ, эҳтиром ва ҷаҳонбинии динӣ ва афзалият ба ғояи шаҳрвандӣ,  ташкили давлат аз ҷумлаи хусусиятҳоест, ки давлатҳои хурду тозаистиқлолиятро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд.     Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, бояд мусоидат намоем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ваҳату худшиносии миллӣ, дӯстӣ рафоқату ягдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шавқат ба ҳамдигар доир шуда, дорои аҳамияти маънавию тарбиявӣ таҷассум гардад.

        Тибқи маълумотҳои расмӣ  то қабул шудани  Қонун "Дар бораи танзиму анъана ва ҷашун маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба сари ҳар як оила тахминан 30 маъракаю маросим, аз ҷумла 10-маросими азодорӣ ва 20-маъракаи хурсандӣ рост меомад.  Дар воқеъ, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, моро водор месозад, ки назорат ва татбиқи Қонуни мазкурро пурзӯр намуда, барои амалӣ шудани ин нақшаҳо саҳми босазои худро гузорем.

 

Мирзоев Толиб узви ҲХДТ