ОБ МАНБАИ ҲАЙЁТ ВА ШУКУФОИСТ

Фархор: Андеша  

 

Норасоии об ва истифодаи нооқилонаи захираҳои обӣ, мушкилотест,ки дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ мешавад.  Ташабусҳои башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи мушкилоти он дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим ва саривақтианд. Аз ин рӯ, мо одамонро мебояд нисбат ба об бетараф набошем. Ҷумҳурии Тоҷикистон агарчи аз лиҳоси демографи дар Осиёи Миёна дар сарбанди об ҷойгиршуда бошад ҳам, аммо проблемаи оби ошомидании тоза но ҳануз ҳали худро наёфтааст. Об яке аз сарчашмаҳои ҳаёт, дар руи замин ба ҳисоб рафта 75 фоизи заминро ташкил медиҳад. Олами набототу ҳайвонот низ аз об вобастагии калон дорад. Моро зарур аст, ки нисбат ба ин сарвати бебаҳои табиат бетараф набошем, ва онро ҳамаҷониба ҳифз намоем. Ҳаёт дар Замин ба туфайли об пайдо шудааст, аммо ҳамаи он олами ҳайвонот ва набототе, ки дар хушкиҳо умр ба сар мебаранд бо об алоқамандии зич доранд. Об асоси зиндагӣ маҳсуб меёбад.

Ҳанӯз ниёгони хирадманду доно ва некназари мо ба об ҳамчун ба яке аз неъматҳои осмонӣ арҷ мегузоштанд ва эҳсоси шукргузориро ба ҷо меоварданд. Ниёгони баруманди тоҷик, ки дар гузашта ба ҷомеаи бедорҳуши хеш талқин мекарданд, ки табиат бо об ва инсон бо дуо поянда ва некному безавол буда метавонад. Яке аз ҳикматҳои пурарзиши мардуми мо «об неъмати илоҳист», «дар об туф кардан гуноҳ аст» ҳанӯз дар ҳазораи аввал эҳтироми аҷдодони моро нисбат ба об - ин неъмати бебаҳо муайян мекард. Яъне ба софу зулол ва муқаддасу покиза нигоҳ доштани ҳар чашмаву рӯдхона, ҷӯйбору чоҳҳое, ки мардум барои зиндагии тозаву озодаашон аз инҳо истифода мекарданд, даъват менамуданд. Воқеан ҳам об аз зумраи неъматҳои бебаҳоест, ки инсон, замину осмон, наботот ва ҳамаи мавҷудотро ба ҳам мепайвандад, нерў мебахшад, табиатро зинда нигоҳ медорад ва дар ҳолати беэҳтиромӣ бар ӯзамину замонро ба коми худ мебарад, хашм пеш меорад, ғазаб мекунад.

Об маҳсулоти асосии истеъмолӣ дар ҳаёти инсон ба шумор меравад. Об ин моеъи универсалиест, ки бе он зиндагӣ ғайриимкон буда, қисми асосии таркибии олами зинда маҳсуб меёбад. Таркиби растаниҳо то 90% ва бадани инсон то 70% аз об иборат аст. Об аз 3/4 ҳиссаи курраи заминро фаро гирифта, қариб ба ҳамаи ҷараёнҳои олами зинда таъсири худро мерасонад. 70-95%-и олами зинда дар курраи замин аз об иборат мебошад.

 Тоза нигоҳ доштан ва оқилона истифода бурдани об қарзи инсонии мост. Ба ҳисоби миёна зиёда аз як милён нафар одамон, дар сайёра ба оби ошомидании тоза мутаасифона дастрасӣ надоранд ва аз масъалаҳои ҷиддие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бо нуфўзи байналмилалӣ ба проблемаи таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист  ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад. Аз ҷумл, таъкид ба ёдоварист, ки дарёҳои Тоҷикистон ба 947  адад мерасад, дарозии умумии онҳо зиёда аз 28,500 км   ро ташкил медиҳад. Иқтидори энергияи дарёҳову кулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 64 милён киловат соатро ташкил медиҳад. Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи нишондоди истеҳсоли барқи сабз, ҷои намоёнро, дар миёни дусад давлати ҷаҳон ишғол менамояд.        

Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об, вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нушидан, пухтани хурок, шустушую сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кули гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегуянд. Об аст, ки қулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагӣ қарор дорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор