ВАТАНДӮСТӢ АЗ ОИЛА САРЧАШМА МЕГИРАД

Фархор: Андеша  

Оила, мактаб ва ҷомеа, аз ҷумлаи он институтҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки дар ҳаёти ҳар яки мо саҳми боризе дорад ва фаъолияти пурсамараш омили муттаҳидии ҷомеа, пешрафт ва хуррамии он мегардад. Таърих худ гувоҳ аст, ки ҳанӯз аз давраҳои пеш, солим ва мустаҳкам будани оила дар дурахшон гардидани ояндаи давлату миллат саҳмгузор будааст. Дар замони имрӯзаи рушду пешрафти бемайлони техникаву технология, оила аз зумраи муҳимтарин институт маҳсуб меёбад.  Фарзанди Ватандӯст дар ҷомеа баҳри чӣ лозим аст? Чаро мо бояд фарзандро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия намоем? Ватандӯст кист? Оила дар тарбия ва Ватандӯст кардани фарзанд то кадом ҳад саҳм дорад?    Шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани қувваҳои нави таҳдидкунанда, саҳм ва муҳиммияти оиларо дар тарбияи дурусти аъзоёни худи оила боз ҳам муҳимтар месозад. Падару модар, ки одатан таъминкунандагони моддӣ ва маънавии оилаҳо ба ҳисоб мераванд, бояд, ки дар назорат намудани фарзандони худ, таълиму тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, омӯзиши илмҳои замони муосир, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллию башарӣ тарбия ва ба воя расонанд. Одатан мо фарзандон меҳру муҳаббат ва хислатҳои накӯро аз волидайн меомӯзему онро дар худ ҳамчун намунаи олии ибрат қабул мекунем. Падару модарони азиз агар хоҳанд, ки оянда фарзандонашон дар ҷомеа соҳибэҳтирому соҳибмаърифат шаванд ва обрӯву эътиробашонро дар байни мардум боло бардоранд, пас бояд дар тарбияву тадриси фарзандон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ  зоҳир намоянд ва дар дурахшонии ояндаашон бетарафӣ зоҳир нанамоянд. Беҳуда намегӯянд, ки “Бетарафӣ, ин бешарафист”.  Ба хотири Ватандӯст тарбия кардани фарзанд, зарур нест, ки кӯҳи Ҳимолойро чаппа кард, танҳо одитарин амалҳое, ки дар чашм наметобанду аммо дар ояндаи фарзандон саҳми бузург доранд, амалӣ намудан мебояд.Ба мисоли шароити зарурӣ фароҳам овардан, баҳри илмомӯзӣ, назорат аз болои ҷараёни хониши фарзанд, назорати ҷиддӣ аз болои фарзанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба кадом саҳифаҳо медарояду кадом маълумотро мутолиа мекунад, ҳадди аққал дар як рӯз як маротиба сари як дастархон бо фарзандон нишастану аз ҳолу аҳволашон пурсон шудан, бахшидани меҳру муҳаббати самимӣ ба рӯҳияи фарзанд, шиносонидан аз таъриху фарҳанг ва ҷонбозиҳои миллати тоҷик дар давраи қадим ва муосир. Зеро дар сурате, ки фарзанд аз падару модар меҳру муҳаббатро намебинаду таълимро намегирад, пас онро аз кӯча мекобад. Ва маълум нест, ки дар кӯча фарзанд бо кадом гурӯҳи одамон дӯстӣ пайдо мекунад. Фарзанд ҳар амали аз падару модар омӯхтаро дар ҳаёти худ амалӣ месозад.Ватандӯст ободи Ватан мекунад на хиёнат ба он, Ватандӯст ба ҷомеа фоида меорад на зарар. Набояд фаромӯш сохт, ки фарзанди Ватандӯст дар ҷомеа соҳибэҳтиром мешавад, таҳлилгар шуда, фиреби касеро намехӯрад, соҳиби ояндаи дурахшон мегардад, ин ва дигар сарфарозиҳое, ки ватандӯстро интизоранд.

 

Фахрам аз он, ки тоҷикзодаам,

Соҳиби ин миллати озодаам.

Ман намепурсам Ватан бар ман чӣ дод?

Пурсам аз худ бар Ватан чӣ додаам?

 

 

 

                         Ҷамшед Муродов, ҷавони фаъоли ноҳияи Фархор.