КУШОДАШАВИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шурӯъ аз 15-уми апрели соли равон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия роҳандозӣ гардид. Маросими кушодашавии чорабинии мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 - и ноҳия бо бозии ҷолиби дастаҳои ду муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти Гулшан оғоз гардид. Мусобиқа аз рӯи системаи олимпӣ баргузор гардида, то санаи 20-май идома меёбад. Ғолибони даври ноҳияви дар чорабинии тантанав, ки бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд, бо Ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мегарданд.