МАЛОҚОТ БО АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо иштироки  масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №27 миёни хонандагони муассисаи мазкур хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.Дар мулоқот масъулин оид ба терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо иртиҷоӣ, тарбияи ҳарби ватандустии ҷавонон, истифодабарии дурусти телефони мобилӣ,  шабакаҳо иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба хонандагон суҳбат намуданд. Зимни суханронӣ иброз карад шуд, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро, маҳз ҳамкории аҳли маориф, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ тарбия намоем. Ва онҳоро тавре тарбия намоем, ки аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ намоянд. Терроризм дар асри ҷаҳонишавӣ аз насли бесаводу бефаросат ҳамчун бозичаи дастӣ истифода мебарад. Агар назар афканед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад.  Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрўз тамоми дунёро нобасомониҳо ва нооромиҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст.Мо ҷавононро тавре тарбия намоем, ки худогоҳу ватандўст ва ифтихори миллӣ дошта бошанд. Ватани орому осоиштаи хешро аз ҳар хавфу хатари бегона муҳофизат карда тавонанд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои ифротгарой шомил нагарданд. Иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва одобу ахлоқи ҳамида дошта бошанд.