КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар заминаи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшаи тасдиқнамудаи Раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Вализода Назирӣ Зариф ҷиҳати шарҳу тавзеҳи дастурҳои Пешвои миллат, ки санаи 9 март бо фаъолон ва ходимони дин доштанд, масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар Ҷамоати деҳоти Гулшан деҳаи Гулшан корҳои фаҳмондадиҳро оид ба роҳҳои ҷилавгирӣ ҷавонон аз пайравӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, истифодаи мақсадноки замин, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи либоси миллӣ, пешгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дигар масъалаҳои мубром бо усули хона ба хона сӯҳбат вохӯриҳо доир намуданд