ТАШАББУСИ ТАРҒИБ ВА ТАТБИҚИ КОРҲОИ ТОЗАГӢ ВА САБЗКОРӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз аз 6 марти соли 2024 №1/2 -08 роҷеъ ба вусъат додани корҳои тозагию ободонӣ ва сабзкорию созандагиҳо ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе рузи ҳашарҳои сарсабзу хурамгардонӣ бахшида ба истиқболи 30- солагии таъсисёбии ҲХД баргузор карда мешаванд.  Дар ин самт дар назди бинои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва атрофи он тозаву озода ва рубучин карда шуданд. Тибқи талаботи санитарию гигиенӣ дар атрофи бино масъулин парттовҳои ҷамовардашударо бурда ба партовгоҳ партофтанд.