АМАЛИЁТИ МАКТАБИ МАН АМАЛИ МЕГАРДАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

          Рӯзи 8 апрели соли ҷорӣ  дар чанде аз Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон таҳти унвони “Мактаби ман” насби тахтаҳои бо маром идома дорад. Корҳои анҷомдода дар ин самт бо ҷалби асосиатсияи падарону модарон ва хатмкунандагони сину соли гуногуни муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия роҳандози карда шудааст.