ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8 марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи мактаби №27 мулоқот оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки санаи 23.12.2023 доир шуда буд баргузор гардид. Зимни суханронӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Давлатобод” иброз доштанд, Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин Пешвои миллат таъкид карданд, ки бо кушодани ин биноҳо ва хоса бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароити беҳтарини корӣ муҳайё гардид, ва бояд, ки аз роҳбарият то мутахассисони ин соҳа фаъолияти худро дучанду сечанд беҳтар намоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд. Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.