НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дастгирӣ намудани ятимон, оилаҳои ниёзманд ва маъюбон, яке аз самтҳои сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир мегардад. Дар арафаи иду ҷашнҳои давлатию миллӣ, расонидани кӯмак ба  оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва ятимон аз ҷониби шахсони саховатпеша ва соҳибкорон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст.Чунин як амали хайр аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навобод", Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор, Ятимова Рухшона дар арафаи Иди Саиди Фитр ба чанд оилаи ниёзманд кӯмаки яквақтаи ғизоӣ расонида шуд.  Қайд кардан лозим аст, ки дасти ёрӣ дароз намудан ва расонидани кӯмакҳо, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, барои дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.