АМАЛҲОИ ХАЙРУ ЭҲСОНКОРӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Рамазон на танҳо моҳи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза, балки фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандии ниёзмандон низ ҳаст. Аз ин ҷиҳат, садақаи Фитрро яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дӯстию муҳаббат дар байни мусулмонон ҳисобидан мумкин аст. Садақаи Фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рӯзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Дар ҳадис омадааст, ки беҳтарини он «садақаест, ки дар моҳи Рамазон бошад». Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дошт, садақаи Фитрро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон ихлосмандона пеш аз намози ид адо мекард. «Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст», — иброз доштанд Пешвои миллат. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ба нафарони ниёзманд ва бекасу танҳо кумакҳои яквақтаинаи ғизои расонида истодаанд.