ТАРҒИБИ ТАШАББУСҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

        Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ҳамдасти бо мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи ташабусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти нигаҳдории захираҳои обии ҷаҳон ва иқлим миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар мактаби №16 бо хонандагони синфҳои болӣ мулоқот баргузор намуданд.  Нотиқон дар ҳузури хонандагон иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақ ва пурсамар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Президенти кишвар зимни суханрониҳои худ масъалаҳои гуногуни аҳамияти глобалӣ дошта, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, густариши бемориҳои сирояткунанда ва ғайраро баррасӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд. Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд.  Аҳамияти пиряхҳо ба сифати манбаъҳои асосии захираҳои об дар таъмини аҳолии сайёра бо ин неъмати табиӣ, ки сарчашмаи ҳаёт аст, хеле муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, обшавии босуръати пиряхҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, оқибатҳои манфиро ба бор меорад. Бинобар ин, ташаббусҳои Сарвари давлати мо роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақтӣ арзёбӣ шуда, аҳли башарро аз дигаргуниҳои ҷиддии табиат ҳушдор дод. Маҳз иқдоми навбатии Пешвои тоҷикон – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз таҳдиди обшавии пиряхҳо, кишварҳои ҷаҳонро ба андешидани тадбирҳои фаврӣ ва муҳим водор намуд.

Албатта, Пешвои миллат назари худро натанҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилоти тамоми сайёра баён менамояд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2022 қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо басо муҳим ва боиси ифтихори ҳар як ҳамватани мост. Тавассути ин Қатънома Созмони Милали Муттаҳид ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро эълон кард, ки он аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин айём аст. Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шуд, ки бозгӯ аз мавқеи хос ва пешсафии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба шумор меравад.